Садақаи фитр дар арафи Саиди Фитр

Дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби суди шаҳри Гулистон бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва тақвияти рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагӣ, садақаи фитр ба таври дастаҷамъона ба як қатор оилаҳои эҳтиёҷманд расонида шуд.

             Дар доираи ин иқдоми хайриявӣ ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, инчунин оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманд маводи ғизоӣ ва рӯзғори ниёзи мардум тақдим гардид.

         Ин амал ҳамчун намунаи неки инсондӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар арафаи иди Саиди Фитр сурат гирифта, ҳадафи он дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа ва густариши фарҳанги саховатмандиву некӯкорӣ мебошад.