Ба муносибати Иди Ғалаба Суди шаҳри Гулистон иқдом гирифт, ки аз ҳоли пиронсолоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ доштанд, хабар гирифта, онҳоро аёдат намояд. Дар доираи ин ташаббус кормандон ба манзили онҳо рафта, бо арзи эҳтиром ва қадршиносӣ аз заҳмату ҷонфидоиҳояшон ҳолпурсӣ намуда, ба онҳо маводи ниёзи аввалия ва кумакҳои моддӣ тақдим карданд. Ин иқдом нишонаи эҳтироми амиқ ба насли калонсол ва арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар таъмини сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи имрӯз мебошад.

Суди шаҳри Гулистон 