Ободонӣ ва созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бино ва гирду атрофи Суди шаҳри Гулистон мунтазам корҳои ободонӣ, созандагӣ ва хуррамгардонӣ бо маром идома доранд.

Дар доираи тадбирҳои ободонӣ саҳни бино ва ҳудуди муассиса тозаву озода нигоҳ дошта шуда, корҳои сабзазоркунӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, сафедкунии дарахтон, таъмиру рангубори қисматҳои алоҳидаи бино ва беҳтар намудани муҳити корӣ амалӣ гардида истодаанд.

Ҳамзамон, кормандони суд бо ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ин санаи муҳими миллӣ саҳми арзандаи худро гузошта, барои боз ҳам зебову назаррабо гардидани муҳити муассиса тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ барои мардуми Тоҷикистон арзиши беназир дошта, ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки дар рушду ободии Ватан саҳмгузор бошад. Аз ин рӯ, корҳои созандагию ободонӣ дар Суди шаҳри Гулистон дар фазои ҳамдиливу масъулиятшиносӣ идома дошта, кормандон ҷиҳати истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош менамоянд.