Санаи 03 апрели соли 2026 дар назди раиси Суди шаҳри Гулистон маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои марбут ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон натиҷаҳои ҳисоботи фаъолияти семоҳаи аввали соли 2026 ҷамъбаст гардида, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати кор ба кормандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи маҷлис масъалаи риояи тозагӣ ва нигоҳдории муҳити корӣ низ таъкид гардида, аз кормандон талаб карда шуд, ки ҷойи кории худро ҳамеша тозаву озода нигоҳ доранд. Ҳамчунин вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ суҳбат доир гардида, таъкид карда шуд, ки ҳар як корманд бояд фаъолияти худро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, аз ҳар гуна амалҳои коррупсионӣ худдорӣ намояд.
Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои марбут ба риояи интизоми меҳнат, саривақт ба ҷойи кор ҳозир шудани кормандон ва беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки пас аз қабули санадҳои судӣ аз ҷониби Раис, судя, назорати иҷроиши онҳо бояд ҳатман саривақт таъмин карда шавад. Дар идомаи маҷлис оид ба дигар самтҳои муҳими фаъолияти хизматӣ низ андешаронӣ гардида, ба кормандон тавсия доданд, ки уҳдадориҳои худро бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба иҷро расонанд.
Илова ба ин таъкид карда шуд, ки вобаста ба тарғибу ташвиқот фаъолиятро ҷиддӣ ба роҳ монда судя ва кормандони дастгоҳи судро зарур аст, ки дар ҷамоату шаҳракҳо, муассисаю корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ бо аҳолӣ ва кормандони соҳа, инчунин ба тариқи телевизион ва радио бо мавзӯҳои мубрам баромад намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо мақола ба чоп расонанд.

Суди шаҳри Гулистон 