Пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша дар суханрониву мулоқотҳои худ ҷиҳати дастгирӣ, ғамхорӣ ва аз назар дур нагузоштани ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва шахсони эҳтиёҷманд таъкид менамоянд, Суди шаҳри Гулистон низ ин сиёсати инсондӯстонаву хайрхоҳонаро сармашқи фаъолияти худ қарор додааст.

Дар арафа ва ба муносибати Иди саиди Қурбон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Суди шаҳри Гулистон як қатор оилаҳои камбизоат, ятимони кул, кӯдакони бепарастор, шахсони барҷомонда, инчунин собиқадорони меҳнати суд аёдат карда шуданд.

Зимни аёдат ба онҳо кумакҳои моддӣ, аз ҷумла маҳсулоти ниёзи мардум, орд, равған, биринҷ, шакар ва дигар маводи ғизоӣ, ҳамчунин туҳфаҳои идона дастрас гардида, ба ҳар яки онҳо таманниёти нек, саломатии бардавом, рӯзгори обод ва зиндагии пурсаодат орзу карда шуд.

Ин иқдоми хайрхоҳона бозгӯи сиёсати инсонпарварона ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа буда, дар ниҳоди мардум ҳисси меҳру муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии иҷтимоиро боз ҳам таҳким мебахшад.