Рӯзи Президент – рамзи ваҳдат ва давлатдории миллии тоҷикон

Рӯзи Президент яке аз рӯзҳои муҳими таърихӣ ва сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин рӯз, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил карда мешавад, нишонаи эҳтиром ва садоқати мардуми кишвар ба роҳбари давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ин сана дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1992 мардуми Тоҷикистон дар як давраи ниҳоят душвори таърихӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари умедбахш ва наҷотбахши миллат бовар карданд. Дар он айём кишвар дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва Тоҷикистон ба вартаи нобудӣ наздик шуда буд. Аммо бо ҷасорат, хирад ва иродаи қавии Пешвои миллат сулҳу субот барқарор гардид ва миллати тоҷик ба роҳи ваҳдату рушди устувор қадам гузошт.

Бо гузашти солҳо, сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти мамлакат ба Тоҷикистон имкон дод, ки ба як давлати соҳибистиқлол, устувор ва муосир табдил ёбад. Имрӯз Тоҷикистон  бо сиёсати дарҳои боз, ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва ташабусҳои созандаи худ дар арсаи ҷаҳон мавқеи шоиста дорад.

Дар давраи Истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат садҳо иншооти азим, монанди нерӯгоҳи Роғун, мактабҳо ва донишгоҳҳои муосир, роҳҳои автомобилгарди байналмиллалӣ, беморхонаҳо ва иншооти иҷтимоӣ бунёд ёфтанд.

Рӯзи Президент на танҳо ҷашни сиёсӣ, балки рамзи ваҳдат, саодат ва миннатдорӣ ба шахсе мебошад, ки миллатро аз парокандагӣ наҷот дода ба сӯи фардои равшан раҳнамун сохт.

Имрӯз ҷавонони тоҷик бояд ин рӯзро ҳамчун сабақи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар дилҳои худ ҷой диҳанд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки: «Ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа ва ояндаи давлатанд».

Аз ин рӯ, омӯзиши илм, меҳнатдӯстӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони тоҷик аст.

Рӯзи Президент  — рӯзи изҳори ифтихор аз давлатдорӣ, аз сулҳу субот ва аз пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.

Бигузор ин рӯз ҳар сол бо шукӯҳу тантана таҷлил гардад ва хотиррасон созад, ки ваҳдату истиқлолият, ки бо заҳмати Пешвои миллат ба даст омадааст, амонати бузургест барои наслҳои оянда.


Сардори шӯъбаи коргузории  суди шаҳри Гулистон                       Мирзозода А.А.