
Ҳамасола санаи 24 ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо чун дигар иду ҷашнҳои милли Рӯзи Парчами давлати низ дар руҳияи ватандустӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ таҷлил мегардад. Дар фазои идона ҷашн гирифтани сана бори дигар моро ба эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва гироми доштани Парчами давлатӣ, ки рамзи ифтихор аз давлату давлатдорист, даъват менамояд. Тавре сарчашмаҳои таърихи шаҳодат медиҳанд, кавмҳои ориеӣ, ки мо дар меҳвари ин тамадуни оламгир қарор дорем, аз давраҳои қадимтарин ба парчам эҳтироми бузург доштаанд ва дар он мероси арзишманди фарҳангӣ,
аҷдодӣ, роҳи пурифтихори тайкардаи худ ва дигар аломатҳои ифодакунандаи соҳибихтиёрии давлату давлатдориро инъикос намудаанд. Тавре маълум аст, таърихи парчамдории мо аз замони Куруши Кабир оғоз гардида, маъмултарини он парчами Коваи оҳангар буд, ки дар таърих бо номи Дирафши Коваёни ёд мешавад.
Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ ва мубориза барои озодию истиқлолият шинохта мешавад.
Мувофиқи далелҳои муьтамади илми Дирафши Коваёни муддатҳои тулоние барои халқи сарбаланди мо ҳамин арзишҳоро ифода намуда, боиси ифтихору гурур ва илҳомбахши пирузиҳои ворисони Фаридун будааст. Агар ба таърихи як садсолаи пеш рӯ оварем, Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ низ соли 1924 парчами худро дошт, ки он сурхи якранг буда, дар канори чапи он акси досу болға, ситора ва пахта ҷой дошт. Баъдан, дар соли 1953 Парчами Тоҷикистон дигаргун гардида, сохтораш қисман соддатар гардид, яъне аз боло ба поён ранги сурх, дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз, дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷой дошт, ки чунин тарх то соли 1991 мавҷуд буд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 — уми ноябри соли 1992 аз тарафи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, матои росткунчаест, ки дар руйи он се рахи ба таври уфуқи ҷойгирифта кашида шуда, рахи боло ранги сурх дорад ва паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад. Рахи сафеди мобайни яку ним баробари пахнои яке аз рахҳои ранга ва дар руйи рахи сафед, дар мобайни парчам бо зархал расми тоҷи тасдиқшуда, ба болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Дар Парчами давлати ба иттиҳоду сарҷамъи, нангу номус, ватандустию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу буми муқаддаси мо таҷассум гардидааст.
Ин аст, ки баробари дидани Парчами давлатӣ дар нишасту чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, барафрохтани он ҳангоми пирузиҳои варзиши моро эҳсоси ватандориву ғурури миллӣ фаро мегирад. Аз ин ру, эҳтиром ба парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ бояд дар замири ҳар соҳибватан чойгоҳи шоиста дошта бошад. Зеро таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ низ ҳамин ҳадафҳо, яъне баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ ва эҳтиром варзидан ба арзишу муқаддасоти миллист.
Нигина Насриддинзода раиси Суди шаҳри Гулистон
Суди шаҳри Гулистон 