Корҳои ободонию созандагӣ

  Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ, дар Суди шаҳри Гулистон китобхонаи нави замонавӣ ва толори хурди муҷаҳҳаз барои баргузор намудани конференсияҳо ва ҷаласаҳои онлайнӣ ба тариқи маҷозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

     Ин иқдом бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ амалӣ гардид. Китобхонаи нав бо адабиёти соҳавӣ ва маводи илмӣ таъмин гардида, толори мазкур барои баргузор намудани чорабиниҳо, вохӯриҳо ва конференсияҳои маҷозӣ шароити муносиб фароҳам меорад.

   Ифтитоҳи чунин иншооти муосир қадами муҳим дар роҳи рушди фаъолияти судӣ ва мутобиқ намудани шароити кор ба талаботи замони муосир ба шумор меравад.