Кафили сулҳу ваҳдат

                Бо назардошти далелҳои фавқ, истиқболи ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик муҳимтарин ҷашни фарруху фархунда маҳсуб  меёбад. Таърихи фаъолияти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро холисона ва содиқона пеши назар  овардан кофӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди дар синну соли ҳамагӣ 40-солагӣ вазифаи роҳбари ҷумҳурии дар гирдоби кашмакашиву нофаҳмӣ, парешониву парокандагӣ қарордоштаро ба уҳда гирифта, хирадмандонаву дурандешона онро роҳбарӣ карда, тавонистанд миллатро аз парешонӣ ва эмин нигоҳ доранд.

               Барои миллату Давлати Тоҷикистон Президент ҳамчун яке аз унсурҳои муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллию давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат ва мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои президентиашон бо ҷасорату нотарсй ва далериву тавоноӣ на танҳо миёни ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, балки миёни дигар давлату халқиятҳо низ шуҳрат ва мақоми хос доранд. Ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва бори дигар бо аксарияти овози интихобкардагон ба мансаби оли интихоб шуданашон, гувоҳи эътиқоду эътимоди тамоми мардуми кишвар ба чунин Роҳбари фарзонаи оқилу тавоно, хирадманду дурандеш, ғамхору дилсўз, ободу бунёдгар, маърифату фарҳангпарвар ва ташаббускору идеяпарвар аст.


Нигина Насриддинзода                                                 раиси Суди шаҳри Гулистон