Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату Ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон
Бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ, буда дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дуррахшон бовар кунонид. Воқеан, донаи умед ба тарофату файзи борони Оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид. Ҳар сол Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором, мутанад сурат мегирад. Ҳама пешрафту нумӯи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва барои дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкорӣ ҳидоят намуд.
Баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 33-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд корҳои ободонӣ, насби шиору овезаҳо, тоза кардани гирду атрофи бинои суд ба анҷом расонида шуд.

Суди шаҳри Гулистон 