Модар-сарчашмаи ҳаёт

     Санаи 07 марти соли 2026 дар суди шаҳри Гулистон бахшида ба ҷашни фархундаи «Рӯзи Модарон» ба занони кормандони суд тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ин иқдом бо мақсади қадршиносӣ ва эҳтиром нисбат ба занону модарон, ки бо меҳнати софдилона ва масъулияти баланд дар фаъолияти суд саҳм мегузоранд, роҳандозӣ гардид. Дар рафти чорабинӣ аз нақши муҳимми занону модарон дар ҷомеа, тарбияи насли наврас ва таҳкими арзишҳои оилавию миллӣ ёдоварӣ карда шуд.

Ҳамзамон ба бонувони гиромӣ саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, рӯзгори обод ва комёбиҳои нав дар фаъолияти корӣ орзу карда шуд.