Соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ин ташаббус дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 пешниҳод шуда, ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ равона гардидааст.
Барои бо руҳияи созандагӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ оғоз гардида, боми бинои суди мазкур пурра таъмир карда шудааст. Инчунин таъмир ва азнавсозии толори маҷлисгоҳи судӣ идома дорад.
Аксҳо пеш аз таъмир


Аксҳо баъд аз таъмир

Суди шаҳри Гулистон 