Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таҳти роҳбариву роҳнамоӣ ва сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор мегузорад ва ба дастовардҳои арзанда ноил мегардад.
Баъди ба даст овардани сулҳу ваҳдати комил, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрои сулҳ ва ризоияти миллӣ, Мақоми Олии қонунбарори мамлакат ба ду палата, яъне Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, дар роҳи таҳияву қабули қонунҳои талаботи замони муосир ҷиҳати расидан ба низоми пешгирифтаи давлати ҷавону соҳибистиқлоламон ба муваффақиятҳои назаррас шарафёб гардид. Ду қонуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки бо ҳидояти Сарвари давлат бо муҳокимаву баррасии аҳли ҷомеаи кишвар қабул ва рӯи кор омад, боиси омӯзиш ва қабулу эътирофи ҳамсоякишварҳо гардид. Ин қонунҳои миллӣ аз сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои миллат маншаъ гирифта, барои беҳтар ва зиндагии босаодати мардуми кишвар нигаронида шудаанд. Амалишавии қонунҳо аз сатҳи маърифати фарҳангии оилаҳо, падару модарон ва муҳит вобастагии амиқ дорад.
Волидайн бояд масъулият, вазифа ва ӯҳдарории хешро бояд нисбат ба тарбияву камолоти фарзандон, ки насли фардои давлату миллат ҳастанд, дарку эҳсос ва иҷро намояд.Маълумотҳои оморӣ аз он далолат медиҳанд, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар вилоят 31 ҳолати монеъ шудани ба таҳсили ноболиғон ба қайд шрифта шудааст, ки аз вайрон кардани қонун, беэътиноӣ ва саривақт чораҷӯй накардан падару модарон ва бемасъулиятии онҳо далолат медиҳад.
Ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак » наздик 14 сол мешавад. Дар он масъулият, вазифаву уҳдадориҳои падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа муайяну мушаххас аст, ки бояд ин се субъект якҷоя дар роҳи татбиқи самараноки қонун кӯшиш намоянд. Комиссияҳои ҷамъиятӣ, ки ҷиҳати татбиқи қонун дар маҳалҳо, ташкилоту муассисаҳо таъсис ёфтаанд корбарӣ намуда, барои фардои неку босаодати кишвар тарбияву
камолоти фарзандону насли босаводу бомаърифату боодобу ватандӯсту худшинос ва меҳнатдӯсту содиқу вафодори насли кадонсолу Ватан саҳмгузор бошанд.
Раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд Насриддинзода Н.Н.