Ҷашну маросим рукни муҳимми фарҳанги нмиллӣ буда, дар ҳар ҷомеаи озод ва демократӣ ҳифзу рушдро мутобиқ ба манфиатҳои халқ ва давлат тақозо менамояд. Ҷаҳонишавӣ боиси омехташавии арзишҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла, ҷашну маросими миллии халқҳо гардидааст ва дар ин масир халқҳои ҷаҳон талош менамоянд, ки ҷашну маросими миллии хешро дар шакли аслӣ ҳифз намоянд.
Танзими анъана ва ҷашну маросим барои ба эътидол овардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ нақши муҳим дорад. Ба танзим даровардани ҷашну маросим омили муҳимми амали гардидани шарт ва унсурҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзандаи шаҳрвандон дониста мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — моддаи 18 талаб менамояд, ки: шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросимро доир ба барпосозии тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд; Оростани зиёфат ба муносибати таъин шудан ба мансаби давлатӣ, гирифтани мукофоти давлати, рутба, унвон, ҷоиза, мукофоти дигар, дараҷа ва унвонҳои илмию тахассусӣ манъ аст; Дар ҷашну маърака пошидан ва часпондани пул манъ аст; Сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвакта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи Қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳалли истиқомат ва ё фаъолият масъулият доранд; Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумла, пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, акди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар дар ин самт ҷалб намоянд. Бо татбиқи пурраи Қонуни мазкур сол аз сол сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поён рафта, зиёдаравию исрофкориҳо дар баргузории ҷашну маросим пешгирй карда мешавад ва вазъи зиндагонии аҳолӣ беҳтар мегардад. Ҳарчанд баъзе аз шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе аз ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзоёни хонавода, хешовандон ва
маҳалла ҷашну маросимро сермасраф баргузор менамоянд. Ҳамчунин, тахлилҳо маълум менамоянд, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории ҷашну маросим пурра хабардор нестанд ва ба таври ноогоҳона ба дигарон таклид ва пайрйвӣ мекунанд. Ҳастанд нафароне, ки бо сабаби паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя ва иҷро намекунанд. Набояд фаромуш кард! Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қонунгузории амалкунанда ҷавобгариҳо пешбинӣ шудааст. Масалан, барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пошидан ва часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Барои гузарондани маъракаҳои манъшуда, вайрон намудани тартиби гузарондани маъракаи зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонй ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Барои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ҳунармандон, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо) вайрон намудани тартиби хизматрасонии ҷашну маросим, аз ҷумла оид ба шумораи даъватшудагон ва вакти баргузории тӯю маъракаҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷи-зиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошй ва дигар маърака ба хотири ҳаҷ ё умра, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву ма-ҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ё умра ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад ва ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Ҳамин тавр, асос ва заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқй амал кардан ва таъмини волоияти қонун мебошад. Бо назардошти ин, тақозо мегардад, ки ҳар як нафар барои ҳимояи манфиатҳои қонунӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи исрофкорию хурофотпарастӣ дар амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошад.