Сайёри судӣ дар Нозироти андоз дар шаҳри Гулистон бо моддаи 260 кисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Точикистон

Санаи 25-уми сентябри соли 2025 суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда раиси суд Насриддинзода Н.Н., бо котибии Олимзода CO., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Ғоибназарова Г.Н., дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар Нозироти андоз дар шаҳри Гулистон парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда

А.Ғ.Ҳ, санаи таваллудаш 28 ноябри соли 1979, зодаи ноҳияи Бобочон Ғафурови вилояти Суғд, шаҳрванди Ҷумҳурии Точикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор, соҳиби ду нафар фарзанд, муваққатан бекор, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аз 26 июни соли 2025 бо моддаи 260 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо адо кардани ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати ду солу ҳашт моҳ таъин карда шудааст.

Санаи 20 октябри соли 2022 судшаванда А. Ғ.Ҳ. бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи ташкили ғайриқонунии шахси ҳукуқӣ ба номи шаҳрванд О.Д.А. Ҷамъияти дорой масъулияташ маҳдуди «Роҳи сафар»-ро дар шаҳри Гулистон таъсис додааст. Сипас онҳо бо мақсади пинҳон кардани кирдорҳои ҷинояткоронаашон ва амалӣ намудани накшаи ҷинояти таҳрезӣ намудаашон оид ба истифода ва ташкили ғайриқонунии шахси ҳукуқӣ бархилофи талаботи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амал намуда, қасдан худро ҳамчун муассис ва директори ҶДММ «Роҳи сафар» дар бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Гулистон ба қайд нагирифта, ба номи худ ваколатнома оид ба истифода бурдани Ҷамъиятро гирифтааст. А. Ғ.Ҳ. ва О. Д.А. дар давраи фаъолияти сохибкориашон, ки фаъолияти анҷомдодаашон моҳияти иқтисодӣ надорад, аз моҳи октябри соли 2022 то инҷониб тавассути ҶДММ «Роҳи сафар» аз хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 8,5 млн сомонӣ молҳои гуногуни дигар шахсонро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, дар дидбонгоҳҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи шаҳри Душанбе ба расмияти гумрукӣ дароварда, аз маблағи умумии моли воридгардида се-чор фоиз маблағи накдӣ гирифта, манбаи андозбандшавандаро пинҳон намуда, ба нозироти андоз дар шаҳри Гулистон маълумоти таҳрифшуда пешниҳод карда, бо ин роҳ маблағи бакияи қарзи андозҳои ҶДММ «Роҳи сафар», ки ба санаи 01 феврали соли 2025 — 1 млн 251 ҳазору 935 сомониро ташкил медиҳад, ба буҷети давлат пардохт нашудааст.

Судшаванда Абдувохидов Ғ.Ҳ. дар мурофиаи суди бо айби ба ӯ эълонкардашуда ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба суд дар хусуси бо тартиби соддакардашудаи тафтиши суди баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ дархости хаттӣ пешниҳод намуд. Дар суд муқаррар гардид, ки эътирофи айби   эълоншуда  аз тарафи  судшаванда  мачбурӣ  нест.   Инчунин  аз кирдори   содирнамудааш   сидқан   пушаймон   буда   хоҳиш   намуд,   ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ Ғоибназарова Г.Н. бо дархости мазкур дар бораи бо тартиби соддакардашудаи тафтиши суди гузаронидани мурофиа розӣ буда, аз суд хоҳиш намуд, ки дархост қонеъ карда шавад.

Намояндаи ҷабрдида О.Ш.С. дар мурофиаи суди бо тартиби соддакардашуда гузаронидани тафтиши судӣ розигии худро дода, хоҳиш намуд, ки нисбати судшаванда А. Ғ.Ҳ. ҷазо дар доираи қонун таъин карда шавад.

Раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд                                                      Насриддинзода Н.Н.