Нақши Ҷаноби Олӣ дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ

-Бузургтарин дастоварди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил  ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳанд, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро ва сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинонидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳалаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии ҷаҳон талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд.


Раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд                                                      Насриддинзода Н.Н.