
Конститутсия – санади тақдирсози миллат
«Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояи устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамалакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем».
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи навини халқи тоҷик баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, рӯзи 6 ноябри соли 1994 санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин сана бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломия умумии ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарстор, оилаҳои камбизоат, пиронсолон, маъюбон ва щайраро зери парасторӣ ва щамхории махсус гирифтааст.
Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамалакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид.
Маҳз дар Конситутсияи соли 1994 эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлати дар асоси принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагӣ муаяйн гардида, замнаҳои ҳуқуқии бунёди корҳои давлатдорӣ таҳким ёфт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт. Заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, наҷоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.
Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 87-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «судяҳоро дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Ин муқаррарот фаъолияти мустақилона ва имкони пурраи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд. Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва бещараз, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ бахшида ба рӯзи Конститутсияи мамлакат чунин иброз доштанд: «Таҷрибаи қабули Конситутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо, барало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ ба истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад». Ин суханҳои Сарвари давлат аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз самараи истиқлолияти комил аст, ки таҷрибаи ҷаҳониро омӯхта, бахтномаи миллати худ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намудааст.
Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Бо эътимод метавон қайд намуд, ки 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Котиби судии суди шаҳри Гулистон Наҷбиддинзода С.С.
Суди шаҳри Гулистон 