Дар ин росто, дар ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бамаврид таъкид доштанд: «Мубориза ба терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст».
Мо, сокинони кишварро лозим аст, ки бояд истиқлолу ваҳдату оромиро шукрона бинмуда, баҳри боз ҳам ободу зебо ва орому осоишта нигоҳ доштани сарзамини аҷдодиамон сидқан саҳмгузор бошем. Ҳамлаҳои зиёди террористӣ, дар саросари ҷаҳон, махсусан дар Лубнон, Исроил, Афганистан, Сурия, Яман, Туркия, Русия ва Амрико иттифоқ афтодааст. Чунин фарогиршавии терроризм ба он иллат аст, ки барои террористон натиҷаи матлуберо ба самару армуғон меорад. Онҳо дар натиҷаи амалиёти террористӣ, имтиёзи бузург аз ҷумла имтиёзи забти сарзаминҳоро аз тарафи муқобили худ, ки асосан давлатҳо ҳастанд, ба даст меоваранд.
Марбут ба ин самт Асосгузори сулху вахдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносибати дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Тадриҷан тазаккур бояд дод, ки дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди хамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст. Ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд. Терроризм як тахдиде ба ҷомеи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷумумияте ба дин надорад. Бо ҳадафи сиёҳ намудани дини мубини ислом, ба хотири ғаразҳои сиёсӣ сӯистифода мебаранд. Тахлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюли муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро дар асоси татбиқи сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва манфиатҳои миллии кишвар дар раванди қонунҳои мавҷудаи амалкунанда собит месозад.