Санаи 13 марти соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон суди сайёр баргузор карда шуд. Маҷлиси Суди сайёрро судяи Суди шаҳри Гулистон Сорбон Раҷабзода оғоз намуд. Дар маҷлис ҳамчунин котиби суд Комилзода Шоҳрух ва ёрдамчии прокурори шаҳри Гулистон Гулчеҳра Ғоибназарова иштирок доштанд. Дар мурофиаи суди сайёри шаҳри Гулистон 5 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 1 КҲМ ҶТ, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умуми зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, пешбинӣ намудааст, баррасӣ карда шуд.
Нисбати ҳуқуқвайронкунандагон бо қарори суди сайёри шаҳри Гулистон ҷиҳати риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 10 то 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (720 то 864) сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Пас аз баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби раисикунанда бо мудири маориф, директорон, омӯзгорон, хонандагон ва волидон вобаста ба масъалаи мазкур суҳбат гузаронида шуда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муҷозот барои иҷро накардани меъёрҳои он фаҳмонда дода шуд.