Аз ҷониби раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд Насриддинзода Н.Н. дар якҷоягӣ бо ёрдамчии прокурори шаҳри Гулистон Ғоибназарова Г. ва котиби маҷлиси судии суди шаҳри Гулистон Олимзода С.О. дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Гулистон байни омӯзгорон, хонандагон ва волидони онҳо суҳбату вохӯрӣ дар бораи монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд. Раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд Насриддинзода Н.Н. баромад намуда, таъкид карданд, ки ҳуқуқ ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз ҳуқуқҳои конститутсионни шаҳрвандон мебошад. Бинобар он, дар моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсилро дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат гирифтани маълумоти умумии асосиро бо тариқи ройгон кафолат медиҳад. Дар моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарии ҷиноятиро барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ гардида, санксияи он ҷазоҳои алтернативиро дар намуди ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ намудааст.