Асоси пойдорӣ

Истиқлолият барои миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик, ки созандагиву бунёдкорӣ мароми ӯст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, низоми нави давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд, падидаи бемислу боазамати таърихӣ, рамзи соҳибдавлатию ватандорӣ мебошад.
Ин сана назди миллати фарҳанговарии масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо, суннатҳои фарҳангӣ ва талаботи бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба фардоиён расонидани ин рисолати таърихиро тақозо намуд.
Ин неъмати бебаҳои таърихӣ ба давлатдории нави асос гузошт ва идораи он ба дӯши Роҳбари дурандешу сарсупурдаи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, умедворию заковати мардуми бонангу соҳибтамаддун натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Бо шарофат ва баракати Истиқлолияти давлати Тоҷикистон худро ҳамчун узви комилҳуқуқу соҳибэҳтиром бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст намуда, аъзои ташкилоту созмонҳои байналмиллалӣ гардид ва аз ҷониби давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба расмият шинохта шуд.
Миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик тӯли мавҷудияти худ дар масири таърих воқеаҳои хурду бузурги сиёсии зиёдеро паси сар намудааст,ки ҳар кадоме дар марҳилаи худ нақши махсус мебозад. Нодиртарин дастоварди ин миллати куҳандиёр дар таърихи навин дастёбӣ аз Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Ҳанӯз дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ миллати худогоҳи тоҷик ба хубӣ дарк намуда буд, ки: “Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш пайгирона бояд ҳифз намуд”.
Имрӯз мақому манзалати Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию байналмиллалӣ хеле боло рафтааст ва дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ саҳми худро гузошта истодааст.
Бешубҳа, Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ҳамқалами ҷомеаи башарӣ дар ҳалли мушкилоти аҳолии ҷаҳон бо таклифу пешниҳодҳои саривақтии худ бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувор дорад. Дар муддати соҳибистиқлолии Тоҷикистон комёбҳое, ки мардуми кишвар ба даст оварданд, хеле назаррас мебошад.

Судяи Суди шаҳри Гулистон                                          Сорбон Раҷабзода