Қарори суди шаҳри Гулистон аз санаи 13 августи соли 2025 бо моддаи 90 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяи суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд, Раҷабзода Сорбон Абдусалом дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ, дар бинои муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда:
Н.Л, 01 сентябри соли 1971 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор соҳиби чор нафар фарзанд, қаблан суд нашудааст,
— бо моддаи 90 қисми 3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, суд,-

МУАЙЯН КАРД:
Н.Л. уҳдадории худро дар таълиму тарбияи фарзандаш иҷро накардааст, ки дар натиҷа санаи 08 июни соли 2025 соати 10:30 дақиқа фарзанди ноболиғаш Н.Ф. хонандаи синфи 4 “в”-и МТМУ №14-и шаҳри Гулистон ҳамсинфаш С.Д.Ф. санаи таваллудаш 02 марти соли 2015 бо санг задааст, ки аз зарбаи санг сараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Ҳолати мазкур муайян карда шуда, нисбат ба падари ноболиғ Н.Л. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Н.Л. софдилона изҳори пушаймонӣ намуда, ба гуноҳаш иқрор шуда, ба суд баёнот дод, ки санаи 08 июни соли 2025 фарзанди ноболиғаш Н.Ф. ҳамсинфаш С.Д-ро ҳангоми дар берун қарор доштанашон бо санг ба сараш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Ӯ оид ба ҳолати кор санаи 09 июни соли 2025 хабардор шуда, ноболиғ Д-ро ба беморхона бурда, аз ташхис гузаронидааст, ки духтурон ба ӯ гуфтаанд, ки саломатии ноболиғ хуб буда, ягон ҷароҳат набардоштааст. Баъдан модари ноболиғ худаш фарзандашро низ ба беморхона бурдааст ва ӯ хароҷотҳои беморхонаро пурра пардохт намудааст. Ӯ ба тарбияи дурусти фарзанди ноболиғаш машғул гардида, дигар чунин ҳуқуқвайронкуниро содир намекардааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Судя маводҳои парвандаро омӯхта, баёноти ҳуқуқвайронкунандаро шунида, ба хулосаи зерин омад.
Гарчанде ҳуқуқвайронкунанда Н.Л. худро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор шуморад ҳам, гуноҳи ӯ бо маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пурра тасдиқ мегардад.
Мутобиқи талаботи сархати 16 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” падару модар уҳдадоранд кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд.
Аз ин рӯ, суд кирдори ҳуқуқвайронкунанда Н.Л.-ро бо моддаи 90 қисми 3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби падар назорат накардани кӯдак, ки дар натиҷа боиси аз ҷониби ӯ истифода шудани зӯроварӣ нисбат ба дигар шахсон мегардад, пешбинӣ намудааст, бандубаст менамояд.
Мувофиқи моддаи 48 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси воқеӣ, хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳгор, вазъи молу мулкиаш, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарӣ ба инобат гирифта мешавад.
Ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро нисбат ба Н.Л. тибқи моддаи 49 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сабук мекунад, ин бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз кардааш сидқан пушаймон шудан ва доштани фарзандони ноболиғ мебошад.
Ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро нисбат ба Н.Л. тибқи аломатҳои моддаи 50 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вазнин мекунад, дида намешавад.
Санксияи моддаи 90 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои маъмуриро дар намуди ҷарима ба андозаи аз бист то бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ менамояд.
Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида, ки ҳуқуқвайронкунанда Н.Л. аз кирдори содиркардааш самимона пушаймон буда, бори аввал чунин кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудааст ва фарзандони ноболиғ доштанашро ба инобат гирифта, судя ба хулоса омад, ки нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Н.Л. ҷазоро дар асоси санксияи пешбининамудаи моддаи 90 қисми 3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намояд.
Бо дастрасии моддаҳои 140-142 ва 150 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя,-

ҚАРОР КАРД:
Н.Л дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба як ҳазору панҷсад сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.
Нисбат ба қарор дар муҳлати даҳ шабонарӯз тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии суди вилояти Суғд шикоят овардан мумкин аст.
Судяи суди шаҳри
Гулистони вилояти Суғд — Раҷабзода С.А.