Судяи суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд Раҷабзода Сорбон Абдусалом дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ, дар бинои муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда:
И.М.Ё, 07 декабри соли 1988 дар ноҳияи Б.Ғафуров вилояти Суғд таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи умумӣ, кор намекунад, оиладор, соҳиби ду нафар фарзанд, қаблан суд нашудааст.
— бо моддаи 90 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, суд,
МУАЙЯН КАРД:
И.М.. уҳдадории худро ҳамчун модар дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардааст, ки дар натиҷа санаи 02 июни соли 2025 ҳангоми гузаронидани санҷиши нақшавӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон муайян карда шудааст, ки фарзанди ноболиғаш И.Ф.А, санаи таваллудаш 22 июли соли 2009 хонандаи синфи 9 “б”-и МТМУ №14-и шаҳри Гулистон дар давраи таҳсили соли 2024-2025 дар як чоряк зиёда аз 50 соат бе сабабҳои узрнок дар машғулиятҳои дарсӣ иштирок накардааст. Барои чунин кирдор нисбат ба модари ноболиғ И.М.. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда И.М.. софдилона изҳори пушаймонӣ намуда, ба гуноҳаш иқрор шуда, ба суд баёнот дод, ки фарзанди ноболиғаш И.Ф.А, санаи таваллудаш 22 июли соли 2009 хонандаи синфи 9 “б”-и МТМУ №14-и шаҳри Гулистон дар давраи таҳсили соли 2024-2025 дар чоряки дуюм ба 32 соат, дар чоряки сеюм ба 116 соат ва дар чоряки чорум ба 158 соат машғулиятҳои дарсӣ ҳозир нашудааст. Фарзанди ноболиғи ӯ бемории камхунӣ дошта, баъзан вақт дар хона табобат гирифта, ба машғулиятҳои дарсӣ ҳозир нашудааст. Ӯ ба тарбияи дурусти фарзандаш машғул гардида, мунтазам ӯро назорат карда, дигар чунин ҳуқуқвайронкуниро содир намекардааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Судя маводҳои парвандаро омӯхта, баёноти ҳуқуқвайронкунандаро шунида, ба хулосаи зерин омад.
Гарчанде ҳуқуқвайронкунанда И.М.. худро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор шуморад ҳам, гуноҳи ӯ бо маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пурра тасдиқ мегардад.
Аз маълумотнома аз 02 июни соли 2025 таҳти №612, ки аз ҷониби роҳбарияти МТМУ №14-и шаҳри Гулистон дода шудааст, дида мешавад, ки ноболиғ И.Ф. дар чоряки сеюм ба 116 соат ва дар чоряки чоруми соли таҳсили 2024-2025 ба 158 соат машғулиятҳои дарсӣ ҳозир нашуда, ғоиби беасос дорад.
Аз ин рӯ, суд кирдори ҳуқуқвайронкунанда И.М..-ро бо моддаи 90 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, пешбинӣ мекунад, бандубаст менамояд.
Мувофиқи моддаи 48 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси воқеӣ, хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳгор, вазъи молу мулкиаш, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарӣ ба инобат гирифта мешавад.
Ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро нисбат ба И.М. тибқи моддаи 49 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабук мекунад, ин бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз кардааш сидқан пушаймон шудан ва дар таъминоташ қарор доштани фарзандони ноболиғ мебошад.
Ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро нисбат ба И.М. тибқи аломатҳои моддаи 50 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазнин мекунад, дида намешавад.
Санксияи моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои маъмуриро дар намуди ҷарима ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ менамояд.
Бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, ки ҳуқуқвайронкунанда И.М. аз кирдори содиркардааш самимона пушаймон мебошад ва шахсияти ӯ, ки бори аввал чунин кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудааст ва дар тарбия ва таъминоташ фарзандони ноболиғ доштанашро ба инобат гирифта, судя ба хулоса омад, ки нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда И.М.. ҷазоро дар намуди ҷарима дар асоси санксияи пешбининамудаи моддаи 90 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намояд.
Бо дастрасии моддаҳои 140-142 ва 150 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя,-
ҚАРОР КАРД:
И.М.Ё дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба ҳафтсаду панҷоҳ сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.
Нисбат ба қарор дар муҳлати даҳ шабонарӯз тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии суди вилояти Суғд шикоят овардан мумкин аст.
Судяи суди шаҳри
Гулистони вилояти Суғд Раҷабзода С.А.