Бегоҳии рӯзи 9-уми сентябри соли 2025 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода ва сардори Раёсати рушди иқтисод, саводо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимҷон Ҳакимзода иштирок намуданд.
Дар вазъи тантанавӣ як қатор фаъолони шаҳр бо медали ҷашни “30 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, Нигина Насриддинзода – Раиси Суди шаҳри Гулистон, бо медали ҷашни “30 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуд.